НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ФУРӮДГОҲ
Кӯлоб 13 апрел. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).-Фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ зарари ҷиддӣ дидааст. Алихон Комилов директори фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор дошт: «Соли гузашта дар ҳамин маврид 8 хатсайр дар як ҳафта ба Маскав ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия фаъол буд, вале айни ҳол шумораи парвозҳо дар як ҳафта 2-3 маротиба коҳиш ёфтааст». Вай инчунин мегӯяд, камбудии мусофирон боис шуд, то парвозҳо дар хатсайри Оренбург-Кӯлоб, Петербург-Кӯлоб, Хӯҷанд — Кӯлоб ва Урумчи-Кӯлоб кам гардад. Масъулини фурӯдгоҳ мегӯянд, аксари мусофирон муҳоҷирони меҳнатӣ буданд, ки ба Федератсияи Русия ба кор мерафтанд, аммо бинобар таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муҳоҷирони корӣ ба Русия камтар мераванд. Ба гуфти Алихон Комилов қариб 70-80 ҷои нишасти мусофир дар тайёра холӣ буда, аз охирин парвози номуваффақ ба самти Русия 15 000 доллари амрикоӣ зарар дидааст. Бо вуҷуди таъсири бӯҳрони молӣ фурӯдгоҳ тасмим дорад, дар соли ҷорӣ ҳавопаймои «Боинг» харидорӣ намояд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






