НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШӮРООБОД

Апрель 27, 2009 15:31

                Шӯрообод, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Шӯрообод нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуд.                 Раиси ноҳия Иброҳим Азизов аз натиҷаи ҷамъбасти тараққиёти семоҳаи соли ҷорӣ ба хабарнигорон ахборот дод. Аз ҷумла, зикр намуд, ки дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия болоравии нишондодҳои макроиқтисодӣ таъмин карда шуд. Бояд қайд намуд, ки нақшаи даромади бюҷети маҳаллӣ дар 3 моҳа аз ҳисоби даромадҳои худӣ 105 % иҷро шуда ба бюҷет ба ҷои 330 298 сомонӣ дар нақша пешбинишуда маблағи 345 673 сомонӣ ворид гардидааст. Инчунин нақшаи қисми даромади бюҷети фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 102,4 % иҷро гардид, ки ба ҷои 329 097 сомонӣ маблағи 337 027 сомонӣ ба бюҷет ворид гардидааст.                   Дар нишасти мазкур дар мавриди таъмини шаҳрвандони бешуғл бо ҷои кори доимӣ сухан рафт. Қайд гардид, ки аз тарафи Агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 36 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ, зиёда аз 60 нафар ҷавонон ба курсҳои омӯзишии «Фермер боғпарвар» ва «Кафшергари газию барқӣ» равона гардиданд.  Зимни нишаст оиди фаъолияти соҳаҳои тандурустӣ, саноатӣ, фарҳанг, маориф, қисмҳои низомӣ, ҷиноят ва ҷинояткорӣ мавриди саволу ҷавоб қарор гирифт.                                                                          Таҳрири Жасмин Назарова  

Апрель 27, 2009 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд