НОМИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГ ДАР БОҒИ ҒАЛАБА БО ҲАРФҲОИ З
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ба муносибати 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар боғи ғалаба гулгашти дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» бунёд карда мешавад. Тибқи барномаи омодагӣ ба ҷашни ғалаба то моҳи апрели соли 2010 гулгашти қаҳрамонон дар боғи мазкур васеъ карда мешавад. Дар гулгашти дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» лавҳаи ёдгорӣ насб карда хоҳад шуд. Дар он номи Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон ва дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» бо ҳарфҳои заррин сабт карда мешаванд. Аз Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз ҷумлаи фиристодагони халқи тоҷик ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ 54 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафари дигар сазовори се дараҷаи ордени «Шараф» гардидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ягона дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф» зиндагӣ мекунад. Ӯ сокини 86 — солаи шаҳри Истаравшан Абдуназар Фармонқулов мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






