ОМОДАГӢ БА РӮЗИ ПОЙТАХТ

Апрель 8, 2009 14:03

               Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нақшаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ ва оммавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 18 апрел таҷлил мешавад, бо Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 7 аперл тасдиқ гардид.               Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи пойтахт 18 апрел аз соати 13 то 17 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва Майдони «800-солагии Москва» сайругашти идона ва фурӯши маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил карда шуда, базмҳои шеъру суруд ва маҳфили бонувон таҳти унвони «Шаҳри ман» гузаронида мешавад.               Дар Рӯзи пойтахт ҳамчунин, дар шаҳр як қатор иншооти муҳим мавриди истифода қарор гирифта, ҳашари умумишаҳрӣ ва марафони дав ташкил карда мешавад.              Дар ин рӯз дар Маркази равобити пойтахт озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Марафони дав», «Мактаби сол-2008», «Директори сол- 2008», «Муаллими сол-2008», «Кӯдакистони сол -2008», «Мудири кӯдакистони сол -2008» «Мураббии сол-2008», «Синфи беҳтарини сол -2008» ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Апрель 8, 2009 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад