ОМОДАГИИ ХУКУМАТ БА ЗИМИСТОН

Апрель 1, 2009 16:18

                      Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз дар назди Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба тайёрӣ ва гузаронидани зимистони солҳои 2009-2010 ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.                      Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 муҳокима гардид. Сарваризи ҷумҳурӣ О.Оқилов қайд кард, ки дар давраи тираҳому зимистон зиёда аз 60% маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат истеҳсол мешавад. «Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат, ки дирӯз баргузор гардид супориш дод, ки омодагӣ ба зимистони солҳои 2009-2010 бояд ҷиддӣ бошад. Аз ин рӯ, мо бояд нақшаи чорабиниҳоро саривақт пешниҳод намоем», — тазаккур дод О. Оқилов.                        Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо баромад намуда, фикру андешаҳояшонро оид ба нақшаю чорабиниҳо иброз доштанд.

Апрель 1, 2009 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид