ОРИЁНБОНК ШИРКАТИ ҲАМКОРАШРО ИНТИХОБ КАРД

Апрель 8, 2009 16:36

               Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 2 феврал то 25 марти соли ҷорӣ ҶСК «Ориёнбонк» барои интихоби ширкати таъмингари таҷҳизоти технологияҳои компютерӣ тендер эълон намуда буд. Ҳадафи аслии тендер интихоби ширкатҳои дорои имконияти таъмини таҷҳизоти коммуникатсионии ширкати CISCO барои ташкили амнияти алоқа дар дохили бонк ва таъмини техникаи компютерӣ мебошад.               Мувофиқи шартҳои озмун вобаста ба масъалаи аввал ширкатҳои ҶММ «All Service», ҶММ «КМ Партнер», ҶДММ «Service trade», Ширкати илмӣ-истеҳсолии «RISK» иштирок намуда, пешниҳодҳои худро баён намуданд.               Доир ба масъалаи дуюм, пешниҳодҳои ширкатҳои ҶММ «Клина», Мағозаи «Хазина», ҶДММ «Лотус», ҶММ «КМ Партнер»,ҶДММ «Сомон Иншоот», ҶДММ «Марбут» ва ҶММ «Синтез» баррасӣ гардиданд. Озмуни тендерӣ дар ду давр баргузор гардид.               Дар даври аввал, пешниҳодоти ширкатҳо аз рӯи мувофиқии нарх, мӯҳлати таъминот ва мӯҳлати кафолатӣ баррасӣ шуданд. Даври дуюми тендер, пас аз омӯзиши пешниҳодоти тиҷоратии ширкатҳои интихобгардида — ҶММ «КМ Партнер», ҶММ «Service trade», Мағозаи «Хазина», ҶММ «Клина» — гирифтани иқтибос аз суратҳисобҳои онҳо бо гузаронидани гуфтугузори дубора, ба роҳ гузошта шуд. Баъди ҷамъбасти натиҷаву хулосаҳои аъзоёни комиссия аз рӯи ду тендери гузаронидашуда ҶММ«КМ Партнер» ғолиб дониста шуд.

Апрель 8, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар