ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОВОЗХОНОНИ ҶАВОН

Апрель 9, 2009 15:05

                Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Тавре хабар дода шуда буд, озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон таҳти унвони «Панҷ ситораи интервизион» имсол аз 27 то 30 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои муайян намудани иштирокчии озмуни мазкур аз Тоҷикистон озмуни овозхонони ҷавонро эълон намуд.                 Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба вазорати фарҳанг ариза дода метавонанд. Шарти асосии иштирок дар озмун аз 30 — сола боло набудани синни иштирокчиён ва маҳорати хуби овозхонии онҳо мебошад. Иштирокчиёни озмун дар жанрҳои гуногун се сурудро иҷро менамоянд. Ба ҳайати доварон оҳангсозон, мутрибон ва мутахассисони соҳа шомил карда шуданд.

Апрель 9, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд