ОЗМУНИ ПАРРАНДАҲОИ ХУШХОН
Хуҷанд, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Дар боғи Наврӯзгоҳ озмуни нӯҳуми вилоятии паррандаҳои хушхон ва моҳичаҳои ороишӣ (аквариумӣ) баргузор гардид. Дар он қариб 142 нафар дӯстдорони табиат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилотҳои гуногун ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Исфара Абдурақиб Турдиматов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи озмун тарғиби маърифати экологӣ, ғояҳои ҳифзи табиат ва муносибати эҳтиёткорона ба паррандагон мебошад. Намояндагони ноҳияи Исфара 22 навъи паррандаҳои хушхону ороиширо ба маърази тамошо гузоштанд. Бояд гуфт, ки ҳамаи онҳо дар озмуни ноҳиявӣ ҷоиза гирифта буданд. Мурғхои ҳилол, мурғи японӣ, хурӯсҳои рангоранг, мурғи марҷон ва ғайра аз ҳамин ҷумла буданд. Дар озмуни паррандаҳои хушхону ороишӣ намояндагони ноҳияи Исфара ҷои якум ва намояндагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷои дуюмро ишғол карданд. Дар байни шаҳрҳои вилоят ҷои аввал ва шоҳҷоиза насиби шаҳри Қайроққум, ҷои дуюм насиби шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм насиби шаҳри Чкалов гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






