ОЗМУНИ СУРУДҲОИ САРБОЗӢ
Хуҷанд, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Бахшида ба ҷашнҳои Иди Вахдат, бузургдошти Имоми Аъзам, Рӯзи Ҷавонон дар Муассисаи давлатии «Маркази Ҷавонон»-и вилоят озмуни сурудҳои ватанпарастонаи «Сарбоз-2009» баргузор гардид. Дар он cарбозони боистеъдод аз 13 қисмхои ҳарбии дар ҳудуди вилоятбуда иштирок намуданд. Озмун аз 2-шарт иборат буд суруди якка ва хори умумӣ. Шоҳҷоиза насиби қисми ҳарбии 03377 гардид, ки он ба комендатураи ҳарбии вилоят тааллуқ дорад. Онхо бо телевизори ранга мукофотонида шуданд.Ҷои якум насиби ҳарбиёни Горди миллӣ (кисми ҳарбии 051056 ш.Чкаловск), ҷои дуюм қисми ҳарбии 3501, ҷои сеюм қисми ҳарбии 2850 гардид. Озмун бо ташаббуси Сарраёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ташкил карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






