ПОРТАЛИ ЯГОНАИ ИТТИЛООИИ ЭКО ТАШКИЛ МЕШАВАД

Апрель 24, 2009 15:35

                Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) соҳиби портали ягонаи иттилоотӣ мегарданд.                Ин масъала дар ҷараёни баргузории конфронси директорони китобхонаҳои миллии давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи иқтисодӣ дар шаҳри Боку — пойтахти Озарбойҷон баррасӣ ва тасдиқ шуд.                Директори китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст намояндагӣ кард, зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки портали махсуси интернетии иттилоотӣ бо мақсади рушду нумуъи китобхонаҳо, тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши китобдорӣ, табодули иттилоот ташкил карда мешавад.                Дар доираи баргузории конфронс намоиши китоби давлатҳои аъзои ЭКО дар гӯшаҳои махсус ташкил гардид, ки ба мавзӯҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлатҳо бахшида шуда буд. Дар конфронс ба ғайр аз директори китобхонаи миллии Афғонистон, сарварони китобхонаҳои 9 давлати дигари ЭКО иштирок доштанд.

Апрель 24, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар