ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РАФЪИ ОКИБАТХОИ ОФАТИ ТАБИИ СУПОРИШ ДОД

Апрель 30, 2009 11:12

             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва раиси вилояти Хатлону раиси ноҳияи Хуросон оид ба расондани кӯмакҳо ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.Оид ба ҷараёни кӯмакрасонӣ ба зарардидагон ва барқарорсозии иншооти харобгашта гузориши Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Раиси вилоят Ғайбулло Авзал ва дигар шахсони масъул шунида шуд.           Зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон ва омадани селу лойқа шаби 21 — ум ба 22 — юми апрели соли равон дар ду деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон 22 хона пурра ва 65 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Дар ин 87 хонаи зарардида 114 оила зиндагӣ мекардаанд, ки шумораи онҳо 595 нафарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.         Ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба мардуми зарардида дар ноҳия Ситоди доимамалкунанда ташкил карда шудааст.         Кормандон ва дастаи наҷотдиҳандагони хадамоти мудофиаи гражданӣ ба бартараф намудани оқибати офати табиӣ сафарбар гаштаанд.Аз ҷониби масъулин як шаҳраки иборат аз 117 хайма аллакай барои зисти муваққатии аҳолии зарардида омода гаштааст. Барои таъмини онҳо бо оби ошомиданӣ, хӯрока, нерӯи барқ, шароити тиббию санитарӣ, маводи сохтмонӣ ва дигар ашёву шароити зарурӣ тадбирҳои зиёд андешида шудааст.          Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ба аҳолии зарардида барои товони зарар 22 ҳазору 380 сомонӣ маблағ ҷудо намуд.          Ғайр аз ин, аз рӯзи аввали ҳодиса ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва инчунин шахсони алоҳида ба аҳолии зарардида кӯмак расонида истодаанд.           Дар суратҳисоби «Амонатбонк»-и ноҳияи Хуросон, ки барои кӯмак ба зарардидагон кушодаанд, то рӯзи 29 апрел зиёда аз 530 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст.          Баҳри интихоби ҷойи нав барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ корҳои омӯзишӣ-таҳқиқотӣ идома доранд.          Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти масъул оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои нав дар ҷойи мувофиқу бехатар, ҷудо намудани кӯмаки яквақтаи молиявӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат, ҷустуҷӯйи роҳҳои дигари кӯмакрасонӣ, таъмини зарардидагон бо маводи сохтмонӣ ва доир ба ташкил намудани дигар корҳои зарурӣ супоришҳои қатъӣ дод.           Ба шахсони дахлдор ҳамчунин оид ба вусъат додани ободонию созандагӣ, кишти саривақтии пахта, омодагӣ ба кишти такрорӣ, захира намудани хӯроки чорво ва дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Апрель 30, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид