РОҲХАТ БА ОЗМУНИ ВИЛОЯТИ

Апрель 11, 2009 10:49

               Исфара, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Тибқи даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара теъдоди китобҳои на танҳо китобхонаи марказии шаҳр, балки деҳот низ меафзоянд. Чунки вобаста ба қарори Раиси шаҳр ҳар чаҳоршанбеи сеюми моҳ дар китобхонаҳои шаҳру деҳот чорабиние ба ифтихори ин маҳзани дониш баргузор мегардад.                Дар чорабинии мазкур мудири китобхонаи деҳаи Навгилем Субҳониддин Нарзиев, раиси ҷамоати деҳоти Навгилем Муҳибулло Убайдуллоев, мудири бахши фарҳангии шаҳр Меҳроҷиддин Нарзиев, имомхатиби масҷиди Абдуллохони деҳа Сатторхон Нарзуллохонов иштирок намуданд. Моҳияти китоб, нақши он дар ғанӣ гардонидани олами маънавии инсонҳо, тарбияи ҳисси китобдӯстӣ дар тинати наврасон аз мавзӯъҳои ҷаласа иборат буда, ба китобхона бештар аз 200 номгӯ китоб тӯҳфа карда шуд.                Имрӯз дар китобхонаи деҳаи номбурда зиёда аз 2 100 нусха китоб мавҷуд буда, он 310 нафар хонандаи доимӣ дорад.               -Хушбахтона баъди даъвати Сарвари давлатамон ҳам теъдоди китобҳо ва ҳам китобхонҳо афзуда истодаанд, — мегӯяд С.Нарзиев.  

Апрель 11, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад