РОНАНДАГОНИ ҶАВОН ҚОИДАҲОРО БЕШТАР ВАЙРОН МЕКУНАНД
Қӯрғонтеппа, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар шаҳри Қӯрғонтеппа мушкилоти асосии соҳаи нақлиёт ин фаъолияти нақлиёти мусофиркаш дар гирду атрофи бозори марказӣ мебошад. Тавре сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Абдулло Давлатов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, баҳри ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷаи гузаронидани рейдҳо нисбати 80 нафар ронандагон барои надоштани иҷозатнома ва вайрон намудани шарту талаботҳои иҷозатномагирӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз рӯи маълумотҳои Раёсати мазкур, аксари вайронкунандагони қоида ронандагоне мебошанд, ки собиқаи корӣ надоранд ё ба синни 21 солагӣ нарасидаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






