СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э.РАҲМОН ВА Д.А.МЕДВЕДЕВ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Баъди чошти дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Д.А.Медведев телефонӣ сӯҳбат карданд. Дар оғози сӯҳбат натиҷаҳои мулоқоти сарони 20 давлати тараққиқардаи саноатии ҷаҳон дар масъалаи бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба таври муфассал ва мароқовар баррасӣ карда шуд. Сарони ҳар ду давлат дар робита роҷеъ ба роҳҳои то ҳадди имкон камтар сохтани таъсири зуҳуроти бӯҳронӣ ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳояшон табодули назар намуданд. Мусоҳибон ба вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои гуногун диққати калон доданд. Қисмати бештари сӯҳбат ба муҳокимаи масъалаҳои хамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи энергетика бахшида шуд. Паймон карда шуд, ки маросими ботантанаи ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» моҳи майи соли равон бо иштироки президентҳои ҳар ду мамлакат баргузор карда мешавад. Дар ин маврид роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории Русияю Тоҷикистон дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Президенти Русия хоҳиши роҳбари Тоҷикистонро дар бобати тезонидани суръати корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар чор ҳавзаи газ аз ҷониби ширкати «Газпром» ба инобат гирифта, ваъда дод, ки барои тезонидани чунин корҳо дастурҳои дахлдор дода мешаванд. Ҷониби Русия зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ хабар дод, ки барои омода сохтани мутахассисони тоҷик дар мактабҳои олии Русия ҷойҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳар ду ҷониб инчунин дар бораи ҳар чӣ зудтар кушодани филиали мактабҳои олии Русия дар Тоҷикстон паймон карданд. Баъдан масъалаҳои ҳамкории ҳарбию техникии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Д.А.Медведев дар фарҷоми сӯҳбат масъалаҳои дорои хусусияти байналхалқӣ ва минтақавии мавриди назарашонро муҳокима намуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






