«САМО» ЕВРОПАРО ТАСХИР МЕКУНАД

Апрель 7, 2009 16:03

               Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Тахмина Гоибназарова).- Ансамбли мусиқии анъанавии халқии «Само» дар 2 ҷашнвораи байналхалқии мусиқии мардумӣ иштирок менамояд. Аъзои даста аввал 20 апрел, дар Голландия ҳунарнамоӣ карда, баъд ба Белгия сафари ҳунарӣ мекунанд. Гурӯҳи ҳунарӣ ба тамошобинони европоӣ барномаи навро таҳти унвони «Мусиқии Помир» пешкаш хоҳад кард.                Тамошобинони аввалини онҳо рӯзи 28 март шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Роҳбари даста ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бахшида ба ин сафарҳои ҳунарӣ барномаи махсус тайёр карда шудааст. Ин барнома сурудҳои халқии шӯху дилхушкунандаро дар бар мегирад. Мо ба тамошобинони хориҷӣ намунаҳои беҳтарини асарҳои мусиқӣ, расқ ва сурудҳои мардуми кӯҳистонро пешкаш хоҳем кард.Суруд ва рақсу мусиқӣ сарҳадҳоро эътироф намекунанд ва ба тарҷума эҳтиёҷ надоранд. Мо дар консертҳои худ ғояҳои сулҳу дӯстиро тараннум мекунем.                 Дастаи мазкур баъди анҷоми ҷашнвораҳои зикршуда ба Олмон сафари ҳунарӣ хоҳад кард.                                                                  Тарҷумаи Зебо Иноятова  

Апрель 7, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид