САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ ДАР МАДДИ НАЗАРИ ВАЗОРАТ
Душанбе, 21 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкиму танзими давлатии музди меҳнат, пардохти он, нафақа, мушоракати иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоии ҷамъият ба роҳ монда, корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст, -иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Шукурҷон Зуҳуров ба хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ. Вазир нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти шуғли аҳолии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои ба ҷои кори доимӣ таъмин кардани қувваи қобили меҳнат маълумот дод. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат кормандони соҳа бо вазорату идораҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият фаъолияти худро тақвият бахшида, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд. Аз ҷониби мақомоти вазорат дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 173 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст. Дар ин ярмаркаҳо 2681 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда ба корҷӯён 65 ҳазору 227 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 8820 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки як қисми онро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил доданд. Дар соли ҷорӣ бо сабаби бӯҳрони молиявӣ як қисми маблағи сохтмонӣ кам карда мешавад ва ин муваққатист,-афзуд вазир. Сипас хабарнигорон атрофи масъалаи доғи рӯз, аз ҷумла роҳҳои баромадан аз бӯҳрони молиявӣ ва тадбирҳои вазорат дар ин бора, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






