ШАБИ ЭҶОДИИ Ш. САЙФИДДИНОВ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии оҳангсози машҳури тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов шаби эҷодӣ баргузор мегардад. Ҳунарпешагони Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, оркестри асбобҳои халқии Филармонияи ҶТ, донишҷӯёни мактабҳо ва коллеҷҳои мусиқӣ Ш. Сайфиддиновро табрик намуда, асарҳои эҷоднамудаи ӯро иҷро хоҳанд кард. Ш Сайфиддинов барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рудакӣ ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон мебошад. Барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳар субҳ бо суруди «Республикаи ман» оғоз мекунанд, ки муаллифи он Ш. Сайфиддинов аст. Рӯзҳои наздик дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи «Рӯдакӣ» намоиш дода мешавад, ки мусиқии онро Ш. Сайфиддинов офаридааст. Нахустнамоиши асари мазкур 16 апрел баргузор мегардад. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






