ШАРТНОМА БО «РТР — ПЛАНЕТА» БЕКОР КАРДА ШУД

Апрель 2, 2009 16:28

              Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР — Планета» — и Русия минбаъд дар қаламрави Тоҷикистон намоиш дода намешаванд. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ С.Ҳикматов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Вай зикр намуд, ки шартномаи ҳамкорӣ бо шабакаи мазкур ба тариқи якҷониба бекор карда шуд.               Тавре хабар дода шуда буд, пахши барномаҳои ширкати телевизионии «РТР — Планета» дар Тоҷикистон ҳанӯз аввали моҳи март қатъ карда шуда буд. Сабаби ин напардохтани қарзи ҷониби Русия барои пахши барномаҳои он дар давоми ду моҳи охир мебошад. С.Ҳикматов афзуд, ки шартнома дар бораи идомаи пахши барномаҳо ва шартҳҳои нави ҳамкорӣ ба Маскав фиристода шуданд. Вале то ҳол аз ҷониби Русия ба он ҷавоб дода нашудааст.               Шабакаи телевизионии «РТР — Планета» аз ҳисоби пахши барномаҳояш аз Тоҷикистон зиёда аз 7 миллион рубл қарздор аст. Асбобу анҷоме, ки барои пахши барномаҳои шабакаи мазкур истифода мешуданд, ба ихтиёри шабакаҳои давлатии телевизиони маҳаллӣ дода хоҳанд шуд, гуфт С.Ҳикматов.

Апрель 2, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд