ШЕЪРҲОИ РӮДАКИРО ДАР ЧИН МЕХОНАНД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Пекин шумораи аввали маҷаллаи илмию оммавии «Тадқиқоти фарҳанги исломӣ» дар соли 2009 аз чоп баромад, ки дар қаламрави мамлакат ва берун аз он шӯҳрати калон дорад. Дар он мақолаи олими машҳур ва муҳаққиқи варзида, профессори Донишгоҳи марказии тадқиқоти адабиёти фарҳанги миллатҳои хурди Пекин Ху Чженхуа ҷой дода шудааст. Дар мақола ҷиҳатҳои гуногуни эҷодиёти Рӯдакӣ шарҳ дода мешавад, ки ғояҳои инсондӯстӣ, хушию хуррамӣ ва муҳаббат ба инсонро тараннум карда, дар таърихи тамаддуни башарият нақши амиқ гузоштааст. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






