ШИРКАТҲОИ ТУРИСТӢ МЕАФЗОЯНД
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти турустии Кумита ба 15 субъекти хоҷагидори кишвар иҷозатномаи фаъолияти туристӣ дода шуд, қайд гардид дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давоми семоҳаи ҳисоботӣ як қатор санадҳои меъёрӣ баҳри сода намудани ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои ҳуқуқии соҳаи туризм қабул гаштаанд. Ҳуҷҷати мазкур раводиди туристиро ҳамчун навъи алоҳида муайян намуда, шаҳрвандони хориҷиеро, ки бо ин раводид вориди кишвар шудаанд, агар мӯҳлати будубоши онҳо зиёда аз 30 рӯз набошад, аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод менамояд. Инчунин, баҳри муаррифии захираҳои бойи туристии кишвар ва пешбурди маҳсулоти ширкатҳои туристии ватанӣ ба арсаи бозори ҷаҳонии соҳавӣ, моҳи марти соли ҷорӣ ҳайати намояндагонӣ соҳаи туризми кишвар дар кори Намоишгоҳи байналмилалии туристи ITB-2009, дар шаҳри Берлини мамлакати Олмон ширкат варзиданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






