ШИРКАТИ САХОВАТМАНД
Бадахшон, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ширкати давлатии суғуртаи ВМКБ дар вилоят яке аз ширкатҳоест, ки ба ниёзмандон пайваста мадад мерасонад. Тавре сарвари ин идора Мамадносир Ғуломносиров иттилоъ дод, дар се моҳи соли ҷорӣ аллакай ба маблағи 5200 сомонӣ ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ расонида шуд. Дар шаҳри Хоруғ С. Дурустов ном ҷавони маҷрӯҳ зиндагӣ мекунад, ки аз ҳар ду пояш маҳрум аст. Дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнон се нафар хоҳару як нафар бародар, Иброҳимовҳо маҷрӯҳи модарзоданд. Ба С. Дурустов 200 сомонӣ ва ба Иброҳимовҳо 300 сомонӣ имдод расонида шуд. Чунин нафарон дар ноҳия зиёданд ва мо ба навбат ба ҳар кадоми онҳо мадад мерасонем. Дар ноҳияи Рӯшон 16 хоҷагӣ 2 ҳазор сомонӣ мадад гирифтанд. Соли 2008 бошад ба маблағи 10 ҳазору 800 сомонӣ ба ин одамон ёрӣ расонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






