ШУМОРАИ КОРМАНДОНИ «ТОҶИКТЕЛЕКОМ» — И ХАТЛОН 100 НАФАР КАМ ШУД
Қӯрғонтеппа, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Айни ҳол шумораи кормандони «Тоҷиктелеком» — и вилояти Хатлон 755 нафарро ташкил медиҳад. Тавре дар нишасти матбуотӣ директори ҶСК «Тоҷиктелеком» — и вилояти Хатлон Асадулло Файзалиев иттилоъ дод, шумораи кормандон дар муқоиса бо се моҳи соли гузашта 100 нафар кам шудааст. Ба гуфти манбаъ, дар давоми сол филиалҳои соҳа дар Хатлон сад воҳиди басти кориро ихтисор намудааст. Ҳамзамон, А. Файзалиев иброз дошт, ки хатари муфлисшавии корхона вуҷуд надорад. Алҳол, музди меҳнати миёнаи кормандон дар якҷоягӣ бо кӯмакпуливу имтиёзҳо дар 3 моҳаи аввали соли ҷорӣ 183 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад. Таҳрири Жасмин Назарова








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






