ШУМОРАИ ТАВАЛЛУД ЗИЁД ГАРДИД
Кӯлоб, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар шаҳри Кӯлоб шумораи таваллуди кӯдак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58-то зиёд гардид, гуфт сардухтури таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб Анварбӣ Сафарова. Ӯ иброз дошт, ки «Дар 3 моҳи соли ҷорӣ 441 кӯдак ба дунё омад, ки аз ин 191 писар ва 250 духтар мебошанд». Ба гуфтаи ин манбаъ дар 3 моҳ 14 дугоник таваллуд шуд, ки саломатиашон хуб буд. Мутаассифона, дар ҳолати сари вақт муроҷиат накардани баъзе занон ба таваллудхона 65 зан ба воситаи ҷарроҳӣ кӯдаконашонро гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки шароити таваллудхона ба талабот ҷавобгӯй буда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии «ЮНИСЕФ» ва «КЮВЕС» бо асбобҳои лозимаи тиббӣ ва доруворӣ таъмин мегардад- иброз дошт А. Сафарова.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






