«СОМОН» ЭҲЁ МЕГАРДАД
Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20-умин солгарди қабули қонуни забони тоҷикӣ ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) китоб ва адабиёти гуногунро доир ба покизагии забон, рушди худшиносӣ ва фарҳангӣ миллӣ ва гиромидошти таълимоти Абӯҳанифа ибни Нӯъмон ибни Собит Имоми Аъзам таҳия ва омодаи чоп намудааст. Раиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ, шоир Усмон Назир мегӯяд, ки китобҳои ҷашнӣ таҳти унвони «Забон ва сиёсат», «Истиқлолият бахти бузург» (андешаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти таърихии истиқлолият ва ватандориву худшиносӣ), «Тоҷикистон — Ватани ҷовидонам туӣ» (маҷмӯаи ашъори шоирони тоҷик дар ситоиши Истиқлолият ва Ватан», «Суруди ҷовидон» (Аз таърихи Суруди миллии Тоҷикистон), «Андарзи бузургон» (баргузидаи андарзҳои Зардушт ва Имоми Аъзам) ба тозагӣ чоп шуда, пешкаши хонандагон мегарданд. Ҳамзамон, Бунёди забон тасмим дорад, ки бахшида ба 20-умин солгарди қабули қонуни забони тоҷикӣ нашрияи худ — «Сомон»-ро эҳё ва чоп намояд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






