СУҒД БА ХУРОСОН ДАСТИ ЁРӢ РАСОНД

Апрель 30, 2009 09:27

                 Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр). — Аз вилояти Суғд ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ кўмаки башардўстона интиқол дода шуд.                Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо супориши раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода гурўҳи корӣ таъсис гардид, ки рӯзи 29 апрел ба маҳалли офат ташриф оварда, аз номи мардуми вилояти Суғд ба осебдидагон кӯмакӣ моддӣ расонид. Ин кӯмак асосан аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 33 метри мукааб тахта, 1000 адад шифер, беш аз 100 кило мех ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат аст.                 Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёди шаби 21-ум ба 22-юми апрели соли равон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон лағжиши хоку лой ба хоҷагии халқи сокинони ду деҳа хисорот расонид. Дар натиҷаи офати табиӣ зиёда аз 70 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 22 хона ба пуррагӣ ва боқимонда қисман зарар диданд.

Апрель 30, 2009 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид