ТАБИБОН, БА БЕМОРОН КӮМАК НАМОЕД!
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардухтури идораи санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъ Мадҷобир Носиров, танҳо дар давоми ду моҳи соли 2009 шумораи гирифторони бемории хавфноки сил дар ноҳия 22 нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — 4 нафар зиёд аст. Дар соли 2008 шумораи мубталои ин беморӣ зиёда аз 400 нафарро ташкил дода бошад ҳам, ин ҳанӯз рақами охирин нест, зеро аҳолии ноҳия пурра аз ташхис нагузаштааст ва то имрӯз чунин барномае дар бораи пурра аз байн бурдани ин беморӣ тарҳрезӣ нашудааст. Ин аст ки то имрӯз дар бораи шумораи умумии беморони ноҳия маълумоти аниқи оморӣ вуҷуд надорад.Масъалаи аз байн бурдани бемории сили хавфнок аз замони шӯравӣ то имрӯз доғи рӯз аст. Дар деҳоти Пахтакори ноҳия, ки сарчашмаи ин беморӣ мебошад, на лаборатория ва на табобатхонаи замонавӣ бунёд шудааст, аммо мардуми ин диёр ба табибон боварӣ доранд, ки рӯзе онҳо ба додашон хоҳанд расид.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






