ТАКЛИФИ АКАДЕМИК ҲАКИМ АҲМАДОВРО ҚАБУЛ БОЯД КАРД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти академик Ҳаким Аҳмадов, таҷрибаи кишварҳои Непал, Қирғизистон ва як қисми минтақаҳои кӯҳии давлати Ҳиндустонро дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон бояд пазируфт. Дар ин кишварҳо нерӯгоҳҳои хурди барқии дорои 1-10 кВт буда, хонаҳои ҳазорон сокинони деҳаҳои аҳолинишинро бо рӯшноӣ ва гармии доимӣ таъмин менамоянд. Дар Тоҷикистон, ки шумораи дарёю дарёчаҳояш дар Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд, имконияти сохтани ҳазорҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ вуҷуд дорад. Тибқи таҷрибаҳои кишварҳои номбаршуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ тарҳрезӣ гардида, ҳар сол то 50 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ сохта мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






