ТОТОРҲО МАҚОМИ ЗАБОНИ ХУДРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БАРОБАР КАРДАН МЕХОҲАНД

Апрель 22, 2009 13:52

               Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони тотор ба унвони Думаи давлатии Федератсияи Русия муроҷиатнома қабул намуд. Айни ҳол дар зери муроҷиатномаи мазкур имзо ҷамъ карда мешавад. Дар муроҷиатнома аз Думаи давлатӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба забони тоторӣ мақоми расмии давлатӣ дода шавад.                Забони тоторӣ дар Ҷумҳурии Тотористон баробари забони русӣ мақоми давлатӣ дорад. Вале ин забон бо забонҳои дигари туркӣ, аз ҷумла, озарӣ, ӯзбекӣ, туркӣ ва ғайра бисёр хусусиятҳои умумӣ дорад.                Ҷавонони фаъоли тотор шубҳа доранд, ки ҳукумати марказии Русия пешниҳоди онҳоро қабул хоҳад кард. Вале ба ақидаи онҳо пешниҳоди муроҷиатнома таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаро ба проблемаҳои забони миллии тоторӣ ҷалб менамояд. Қайд карда мешавад, ки тарзи талаффуз ва навишти калимаҳо дар забони тоторӣ аз забони русӣ фарқи калон дорад. Бинобар ин зимни навиштани бисёр истилоҳҳо, хусусан номҳо ва исмҳои хоси тоторӣ ба хатоҳо роҳ дода мешавад.               Аз рӯи натиҷаҳои бақайдгирии саршумори аҳолӣ дар соли 2002 шумораи тоторҳо дар Федератсияи Русия 5,56 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки тоторҳо аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ дар Федератсияи Русия баъди русҳо ҷои дуюмро ишғол менамоянд. Вале ҳамон сол дар Русия қонун қабул карда шуд, ки мувофиқи он ҳамаи забонҳои давлатии воҳидҳои маъмурии мамлакат бояд дар асоси алифбои кириллӣ тартиб дода шаванд. Бояд гуфт, ки дар забони тоторӣ чанд маротиба гоҳ алифбои лотинӣ ва гоҳ алифбои кириллӣ истифода карда шуда буд.               Роҳбарияти Тотористон солҳои 90 — уми асри гузашта ба Туркия ва баъзе ҷумҳуриҳои туркзабони собиқи Шӯравӣ пайравӣ карда, пешниҳод намуд, ки дар ҷумҳурӣ алифбои лотинӣ ҷорӣ карда шавад. Вале Суди конститутсионии Русия соли 2004 қарор қабул намуд, ки Ҷумҳурии Тотористон ба мустақилона иваз кардани алифбои худ ҳуқуқ надорад.                Фаъолони тотор чунин мешуморанд, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони миллӣ фарҳангу забони мамлакатро аз омехта гардидани онҳо бо фарҳангу забони миллатҳои дигар муҳофизат хоҳад кард. Онҳо, аз ҷумла, Финляндия барин мамлакатро мисол меоранд, ки дар он шведҳо ҳамагӣ 6 фоизи аҳолиро ташкил диҳанд ҳам, мақоми забони шведӣ бо забони финӣ баробар карда шудааст.                  Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани ҷаҳонии тоторҳо Дамир Қисмитдинов ба қабули пешниҳоди баробар кардани мақоми забони тоторӣ бо забони русӣ шубҳа дорад. Вай зикр намуд, ки дар ҳукумати марказӣ роҷеъ ба ин масъала ақидаҳои дигар мавҷуданд. Роҳбари созмони ҷамъиятии «Ватан» Муҳаммад Миначев зикр намуд, ки қабл аз ин ҳам, дар ин масъала пешниҳодҳо ба миён гузошта шуда буданд. Вале ҳукумати марказӣ онҳоро қабул накард.                                                              Би — би — си                                                             (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)                                                             Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 22, 2009 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид