ВОРИДОТИ ЛАМПАҲОИ ТАФСОН МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 30 апрел. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия, аз 1-уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз мегардад. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати давра ба давра маҳдуд кардани воридоти лампаҳои тафсон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд. Ба мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро оид ба аҳамияти лампаҳои каммасрафи барқӣ ба роҳ монанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






