ЗАМИНҲО САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо сабаби аз тарафи хоҷагиҳо самараноку оқилона истифода нашудани заминҳо, шӯршавӣ ва ботлоқшавии заминҳо сол аз сол зиёд мегардад.Танҳо соли 2007 бо сабаби шӯршавии заминҳо ва баланд шудани сатҳи об 10 ҳазору 384 гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун монданд. Бино ба гуфти ходими калони шӯъбаи мелиоратсияи Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Муродҷон Эргашев, имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 150 ҳазор гектар замин нисбатан шӯр ва 21 ҳазор гектар аз ҳад шӯр мавҷуд аст, ки ин нисбат ба заминҳои барои кишти пахтаи вилояти Хатлону Суғд пебинигардида зиёд аст. Шӯршавии заминҳо дар ҷумҳурӣ боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






