ЗАРАРИ СЕЛ
Қӯрғонтеппа, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Деҳаи «Анҷумани 18-уми Ҳизби»-и ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросонро сел пахш кард. Муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ Миралӣ Ҳалимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки об аз соҳилҳои канали наздикии деҳа баромада хонаҳои атрофро зер кард. Бар асари сел 61 хона зарар дида, аз ҷумла 19 хона пурра ва 42 хона қисман хароб гардид. Гурӯҳи махсуси ҳукуматӣ барои муқаррар намудани ҳаҷми зарари сел ба маҳали фалокат фиристода шуд. Тафсилоти дигари ин фалокат хабар дода нашудааст. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






