ЗИЛЗИЛАҲОИ НАВ ДАР ИТАЛИЯ
Италия, 10 апрел. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Шоми дирӯз замин дар вилояти Абрутцои Италия боз сахт ҷунбид. Қувваи он ин дафъа қариб ба 5 балл мерасид. Дар натиҷаи зилзила дар маркази шаҳри Аквила чанд бино хароб гардид. Алҳол дар бораи зарари зилзилаи навбатӣ ва қурбониёни он ягон хабар нарасидааст. Айни ҳол дар маҳалли фалокат наҷотдиҳандагон, сӯхторхомӯшкунандагон ва қисмҳои ҳарбӣ кор мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз дар шаҳри Аквил маросими дафни қурбониёни зилзилаи 6 апрел рухдода баргузор мегардад. Тавре хабар дода шуда буд, ҳамон рӯз бар асари зилзила 283 нафар ҳалок гардид, ки 20 нафари онҳо бачагони хурдсол мебошанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






