ҚОРИЁНИ «КИТОБИ ОСМОНӢ» ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори бузургдошти соли Имоми Аъзам 11-12 июн дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Қироати Қуръон» баргузор мегардад. Назар ба иттилои ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Абдуҷалол Ализода, ҳадаф аз такшили озмуни «Қироати Қуръон» дарёфти беҳтарин қориёни Қуръони маҷид ва омода намудани онҳо ба озмунҳои байналмилалӣ мебошд. Даври аввали озмуни «Қироати Қуръон» дар ноҳияҳо ва даври дуюм дар вилоятҳо баргузор мегардад. Озмун дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта намояндагони Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии «Қориёни Қуръон», ки дар пойтахти Ҷумҳурии Арабии Миср- шаҳри Қоҳира баргузор гардида буд, ҷойҳои дуюм ва чорумро ишғол намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






