ҚУРБИ РУБЛИ РУСӢ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, чун рӯзи гузашта 4,15 сомониро ташкил дод. Вазъ дар бозори асъор аз он шаҳодат медиҳад, ки пешниҳоди асъори хориҷӣ ҷавобгӯи талабот буда, дар баъзе ҳолатҳо талаботи муайян ба сомонӣ бештар ба назар мерасад. Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ, қурби миёнаи қарордодҳои басташуда нисбат ба доллари ИМА 4,01- 4,03 сомониро ташкил дод. Амалиёт бо рубли русӣ ва евро бештар гардида, қурби 10 рубли русӣ то ба 1,25 сомонӣ ва евро то ба 5,29 сомонӣ афзуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






