ҲАФТАИ ФИЛМҲОИ ТУРКӢ

Май 13, 2009 16:04

                      Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 май дар шаҳри соҳили Сир — Хуҷанд ҳафтаи филмҳои туркӣ оғоз меёбад. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Шӯрои итилоотию фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.                       Назар ба иттилои муовини мушовир оид ба фарҳанг ва туризми Сафорати Туркия дар Душанбе Некрӯз Самиев ҳадаф аз ташкили ҳафтаи филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон шиносоии мардуми тоҷик бо филмҳои нави истеҳсоли синамогарони турк, вазъи синамо дар Туркия ва тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистону Туркия аст.                     Тӯли ду рӯз 14 ва 15 май сокинон ва меҳмонони Хуҷанд имкон доранд, ки дар «Маркази ҷавонон» филмҳои истеҳсолнамудаи синомагарони Туркия ба монанди «Падар ва писари ман», «Фариштаи сафед», Дабистон», «Шаъбон савора пеши ман биё», «Се маймунча» ва ғайраро тамошо намоянд. Ин филмҳо ҳаёт, муҳити хонаводагӣ, эҳтироми кӯҳансолон, муҳаббати самимӣ ва дигар фазилатҳои неку ҳамидаи инсониро таҷассум намуда, дорои хусусияти баланди тарбиявӣ мебошанд.                      Бояд тазаккур дод, ки филмҳои туркӣ аз 11 то 13 май дар шаҳри Душанбе дар «Кохи Ҷомӣ» ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Май 13, 2009 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид