ҲАФТАИ ЁДБУД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Май 5, 2009 14:27

                         Хуҷанд, 5 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Ҳафтаи ёдбуд дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд бо мусобиқаи шоҳмотбозон оғоз ёфт, ки дар он нафақахӯрон, ветеранҳои ҷанг ва собиқадорони меҳнат иштирок менамоянд. Ҳафтаи ёдбуд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар ташкили он кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин, муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» иштирок менамоянд. Мусобиқа ба муносибати 64 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1310 — солагии Имоми Аъзам ва 10 — солагии «Маркази ҷавонон» баргузор мегардад.

Май 5, 2009 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид