ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК БА МОСКАВ МЕРАВАНД

Май 29, 2009 15:35

                        Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Аз 31 май то 28 июни соли равон дар Федератсияи Русия барои ҳунарпешагони ҷавони касбии мамлакатҳои ИДМ ва хориҷӣ мактаби байналмилалии тобистонаи театрӣ ташкил карда мешавад. Ташаббускори ташкили мактабҳои Иттифоқи ходимони театрҳои Русия мебошад. Ба мактаби мазкур 2 ҳунарпешаи театри руси драмавии Тоҷикистон ба номи В. Маяковский Елена Князева ва Марина Ярмольник низ даъват шудаанд. Онҳо дар мактаби мазкур маҳорати касбӣ ва нутқи саҳнавии худро такмил дода, дар машғулиятҳои акробатикаю шамшербозӣ ширкат меварданд. Ба ҳунарпешагони ҷавон устодони санъати Русия дарс медиҳанд. Ҳунармандон дар чор асари саҳнавӣ иштирок намуда, бо ҳунарпешагони машҳур: Александр Колягин, Петр Фоменко, Лев Додин, Леонид Хейфец, Олег Табаков, Галина Волчек, Юрий Саломин ва Валерий Фокин мулоқот хоҳанд кард.                         Дар соли 2007-2008 210 ҳунарпеша аз 30 мамлакатҳои ИДМ, Балтия, Европа ва Осиё дар ин мактаб таҳсил карда буданд. Роҳбари бадеии мактаб — Раиси иттифоқи ходимони театрии Федератсияи Русия, ҳунарпешаи халқии Русия — Александр Калягин мебошад. Имрӯз ҳунарпешагони тоҷикистонӣ Е. Князева ва М. Ярмолник ба Москав мераванд.

Май 29, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид