ҶАМЪОМАДИ ИДОНА
Қӯрғонтеппа, 30 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба 10 — солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ ҷамъомади серодам баргузор гардид. Роҳбари Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон Зафар Сайфуллоев қайд кард, ки дар тӯли ин солҳо кормандони агентӣ вазифаи касбии худро бошарафона иҷро карда, саъю кӯшиши худро баҳри риояи қонуну қарорҳои қабулшуда равона карданд. Ба кормандони агентии мазкур ифтихорнома ва тӯҳфаҳо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ супорида шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






