ҶАРИМА БАРОИ БОЗДОШТАНИ ҚАТОРАҲОИ МУСОФИРБАР

Май 23, 2009 13:36

                        Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзҳои 21 — 22 май дар Минск маҷлиси 50 — уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он қариб 20 масъала муҳокима шуд. Аз ҷумла, барномаи амалӣ сохтани нақшаҳои аввалиндараҷаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи нақлиёт дар давраи то соли 2020. вазъи имрӯзаи ҳисобу китоб дар байни муассисаҳои роҳи оҳан муҳокима карда шуданд. Иштирокчиёни маҷлис созишномаро дар бораи масъулияти иқтисодии риоя нашудани ҷадвали ҳаракати қатораҳо дар роҳҳои оҳани байнидавлатӣ имзо намуданд. Созишнома андохтани ҷаримаро ба маблағи 200 франки Швейтсария барои ҳар ним соати боздоштани қатораи роҳан пешбинӣ менамояд.                      Роҳбарони муассисаҳои роҳи оҳан, инчунин, масъалаҳои марбут ба ҳисоби мавҷудии контейнерҳо, вагонҳо ва тадбирҳои бригадаҳои локомотивҳоро дар мавриди рух додани фалокат баррасӣ намуданд.                        Инчунин, низомномаи фаъолияти комиссияи Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани мамлакатҳои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония дар бобати ислоҳоти соҳа тасдиқ карда шуд.                         Дар маҷлис роҳбарони муассисаҳои роҳи оҳани Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Булғористон, Латвия, Литва, Финляндия, Эстония, намояндагони Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи созандагони роҳҳои оҳан ва нақлиёт, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия иштирок намуданд.

Май 23, 2009 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид