15 СОЛИ САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 28 май дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо суханони табрикотӣ чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки: «Мо бо мақсади таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ аз рӯзҳои нахустини давлатдории мустақилона, ки кишварамон бинобар сабабҳои маълум, пеш аз ҳама бо сабаби халалдор шудани низоми ҳимояи хатти сарҳад, дар баъзе минтақаҳо ҳатто беназорат мондани он ва ба таври ғайриқонунӣ ворид гардидани яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, адабиёти экстремистӣ ва гурӯҳҳои тахрибкор дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, яъне моҳи ноябри соли 1992 аввал дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил кардем ва баъди даҳ рӯз бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати Кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳадро таъсис додем». Президент афзуд, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфраструктураи сарҳадӣ, инчунин таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд. Пас аз анҷоми суханронии Сарвари Давлат байрақи ҷангиро супорид, ки онро Сарфармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳури Тоҷикистон Шералӣ Мирзоев қабул намуда, дар назди ҳозирон савганд ёд кард. Дар фарҷом баҳри иштирокчиёни ин чорабинӣ консерти идона баргузор гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






