АҲОЛӢ БО БАРҚИ АРЗОН ТАЪМИН МЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 13 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар Хатлон шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ зиёд мешавад. Дар рӯзҳои ҷашнгирии 20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон як иншооти барқтаъминкунӣ дар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Сурхтеппа»-и ноҳияи Румӣ ба кор медарояд. Алҳол агрегати якуми нерӯгоҳи хурд ба кор шурӯъ кард. Ин имкон медиҳад, ки аҳолии ду деҳаи ҷамоат бо барқ таъмин шаванд. Сохтмони иншооти мазкур дар доираи Барномаи давлатии сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ба роҳ монда шудааст. Баъди пурра ба истифода додани ин иншоот аҳолии зиёда аз 32 ҳазораи ҷамоати «Тугаланг»-и ноҳияи Румӣ бо барқ таъмин мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






