АМИР АЛ-ВАЛИД ИБНИ ТАЛОЛ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 19 май дар шаҳри Ар-Риёз бо Раиси муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» Амир ал-Валид ибни Талол мулоқот кард. Аз Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Раиси муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» барои кӯмакҳои башардӯстонааш ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Зимни сӯҳбат зикр шуд, ки кӯмакҳо метавонанд ҳамчунин дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ба хонаҳои кӯдакони бепарастор ва пирони барҷомонда сурат гиранд. Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки ин амал метавонад тавассути ҳамкориҳои муштарак бо Фонди хайрияи Тоҷикистон амалӣ шавад. Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои тиҷоратию саноатии байни ҳарду кишвар ҷонибҳо баргузор гардидани бизнес-форуми қарибулвуқӯи тоҷикистонию саудиро дар рӯзҳои 22-23 майи соли ҷорӣ дар Душанбе саривақтӣ ва муассир арзёбӣ намуданд. Амир ал-Валид ибни Талол дар бораи ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи туризм ва сохтани меҳмонхонаҳо изҳори омодагӣ кард. Дар ҷараёни сӯҳбат мувофиқа ҳосил гардид, ки Амир ал-Валид бо ҳайати худ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои дӯст ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар бораи кӯмак расондан ба зарардидагони обхезиҳои охирин дар ҷумҳурӣ cухан рафт. Ҷониби саудӣ барои омӯзиши масъала ва пешкаш кардани ёрии башардӯстона изҳори омодагӣ намуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






