«АМОНАТБОНК» ДАР МАНОТИҚИ КИШВАР «БАНКОМАТ» НАСБ МЕКУНАД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ду дастгоҳи нави «Банкомат»-ро дар шаҳри Душанбе насб кард. Ин «Банкомат»-ҳо дар хиёбони Нисормуҳаммадов-1, назди Вазорати маорифи ҶТ ва хиёбони Рӯдакӣ-44, назди Вазорати кишоварзии ҶТ ҷойгир шудаанд. Қобили қайд аст, ки БДА «Амонатбонк» аз соли 2008 инҷониб ба хизматрасонии кортҳои пластикӣ машғул буда, то имрӯз ҳашт намуди ин кортҳоро роҳандозӣ намудааст. Кортҳои мазкур ҳамаҷониба қулай буда, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар аксари мамолики дунё бемамоният истифода мешаванд. Аз хадамоти матбуот ва рекламаи «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар баробари ин, баҳри фарогирии тамоми аҳолии кишвар бо хизматрасонии мазкур, Раёсати «Амонатбонк» дар манотиқ ва навоҳии ҷумҳурӣ ба насб ва раҳандозии дастгоҳҳои «Банкомат» шурӯъ намудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






