АНҶУМАНИ НАХУСТИНИ ДУХТУРОНИ ШИКАСТАБАНДИ ТОҶИКИСТОН

Май 29, 2009 18:23

                           Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Кохи Ваҳдат анҷумани нахустини духтурони шикастабанди ҷумҳурӣ баргузор гардид. Онро Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии шикастабандӣ ва табобати бемориҳои устухон, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои сутунмӯҳра, ширкатҳои байналхалқии дорусозии «Гедеон Рихтер», «Никомед» ва «Ротафарм» гузарониданд.                          Дар анҷуман мутахассисони шикастабанд, олимони муассисаҳои тиббӣ, намояндагони соҳаи тиб аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.                         Дар доираи анҷуман дар даромадгоҳи Кохи Ваҳдат намоишгоҳи асбобу анҷоми тиббӣ ва доруҳои сохти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ташкил карда шуд.                          Анҷуманро раиси Кумитаи тадорукони он, вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов кушод. Вай, аз ҷумла, зикр кард, ки анҷумани нахустини духтурони шикастабанди мамлакат ба 50 — солагии ташкили хадамоти шикастабандӣ ва кафедраи травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино рост омад. Ҳоло дар саросари мамлакат 25 шӯъбаи махсуси шикастабандӣ, 15 бунгоҳи шикастабандӣ ва зиёда аз 35 кабинети шикастабандию табобати бемориҳои устухон фаъолият доранд. Дар давоми ин солҳо дар кафедраи травматология ва ортопедияи Донишгоҳи давлатии тиббӣ зиёда аз 572 духтури шикастабанд тайёр карда шуд. Дар давоми 50 соли фаъолияти Шифохонаи ҷумҳуриявии травматология ва ортопедия бештар аз 1308 асари илмӣ чоп карда, 12 тавсияи методӣ таҳия намуда, 5 асари калонҳаҷми илмӣ ва 5 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ дастраси мутахассисон гардонда шуд.                          Иштирокчиёни анҷуман масъалаҳои мавриди истифода қарор додани техника ва технологияи навтарини тиббиро дар соҳаи шикастабандӣ, табобати бемориҳои устухон, имкониятҳои ҷарроҳии пластикӣ, барқарор сохтани банду буғум ва роҳу усулҳои дигари табобати беморонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Май 29, 2009 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад