АЗ ДОХИЛИ «JEEP» ГЕРОИН ЁФТ ШУД
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашаъовари РКД-и вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Истаравшан автомашинаи тамғаи «Jeep- Musso»-ро, ки сокини ҳамин шаҳр Баҳодур Ёқубов идора мекард, боздошт карданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз таги курсии он 945 гр героин ёфт ва мусодира карда шуд. Тавре аз ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбати Б. Ёқубов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






