АЗ СИЁСАТИ ПРЕЗИДЕНТ ҶОНИБДОРЕМ

Май 12, 2009 15:10

                     Рашт, 12 май. (АМИТ«Ховар», М.Ризвонов.).-Бо супориши раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев вакилони Маҷлиси намояндагон бо мақсади ба сокинони ҷумҳурӣ хубтар фаҳмонидани Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли равон ба ноҳияҳои дуру наздики кишвар сафар доштанд. Аз ҷумла рӯзҳои 5-8-уми моҳи май соли равон раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон Додихудо Саймуддинов ба ноҳияҳои Нурободу Рашт ва вакили Маҷлиси намояндагон Давлаталиева Зуракан ба ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол сафари корӣ доштанд.                    Додихудо Саймуддинов корро аз вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Нуробод дар маркази шаҳраки Нуробод оғоз намуд. Вай дар ин ноҳия бо фаъолони Ҷамоати Деҳоти Муҷихарф, Ҷамоати шаҳраки Дарбанд, Ҷамоати деҳоти Хумдон ва Яхаки Юс вохӯрда, сӯҳбат намуд.                    Дар ноҳияи Рашт ӯ пеш аз ҳама ба устодон ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ гузаронид. Баъдан дар ҳузури фаъолони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум ва омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 2 дар деҳаи Шул, фаъолони шаҳраки Навобод ва омӯзгорону донишҷӯёни омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия, фаъолони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода дар деҳаи Поҷе, хонандагон ва омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 деҳаи Бедак, фаъолони Ҷамоати деҳоти Қалъанак ва сокинони деҳаи Ҷафри Деҳоти Ҷафр дар атрофи масоили дар Паёми Сарвари давлат андешаронӣ кард.                      Додихудо Саймуддинов, ки як олими варзидаи тоҷик аст, бо сокинони деҳаҳо бо забони ноби тоҷикӣ хеле рӯшану возеҳ сари масъалаҳои мазкур сухан гуфт .                     Дар навбати худ иштирокчиёни вохӯриҳо бо вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз ҳама иброз доштанд, ки онҳо суханронии Президенти мамлакатро аз тариқи шабакаи «Ҷаҳоннамо» тамошо карданд ва аз рӯзномаҳо мутолиа намуданд. Ҳамчунин гурӯҳҳои корие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия бо мақсади фаҳмондадиҳӣ ташкил намудааст, дар ҳама деҳаҳо бо аҳолии ноҳия сӯҳбат доштаанд, вале сӯҳбати имрӯзаи вакил боз бештар дигар паҳлӯҳои суханронии Сарвари давлатро барояшон равшантар намуд. Онҳо бе ҳеҷ дудилагӣ таъкид карданд, ки Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат барояшон чароғи роҳ ва ҳидоятест, ки онро дар зиндагии ҳаррӯзаашон истифода мебаранд.                     Дар баробари ин онҳо атрофи як чанд масоили ҳалталаб ибрози назар карданд. Аз ҷумла ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолони Деҳоти Қалъанак сарвари хоҷагии деҳқонии «Қалъанак» Сиддиқов Қадриддин оид ба андозбандии заминҳои обӣ ва лалмӣ дар шароити навоҳии Рашт изҳори нигаронӣ кард. Мавсуф таъкид кард, ки деҳқон дар заминҳои водиҳои Вахшу Ҳисор аз як замин ду-се бор ҳосил мегирад, аммо дар кӯҳистон деҳқонон чунин имконият надоранд. Дар як гектар замин се-чор нафар саҳмия доранд ва ҳар кадоми онҳо ба ғайр аз андози замин боз 180 сомонигӣ ба агентии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд. Яъне барои ҳар моҳ 15 сомонигӣ. Деҳқон дар замини худ чор-панҷ моҳ кор мекунад ва моҳҳои боқимондаи сол маҷбур аст, ки маблағи зикршударо пардохт намояд. Хуб мебуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон як бори дигар фикри деҳқононро ба инобат гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи замин»-ро дида бароянд. Дар акси ҳол деҳқонон маҷбур мешаванд аз заминҳои дар ихтиёр доштаашон даст кашанд.                      Директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25 деҳаи Қалъанак Усмон Замонов хоҳиш кард, ки бинои нави мактаб солиёни дароз нимкора мондааст. Як қисми он маҳз бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ пурра аз таъмир бароварда шуд. Хуб мебуд, ки боқимондаи сохтмонро низ ба охир мерасонданд.                       Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Қалъанак Назриев Н. оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан кард. Вай қайд кард, ки дар ҳақиқат ин қонун ба манфиати мардуми мо аст ва сокинони деҳаҳои ҳудуди деҳот онро хуб қабул карданд ва айни ҳол тамоми чорабиниҳоро дар асоси ҳамин қонун амал менамоянд.                      Сокини деҳаи Ҷафр Ҳоҷӣ Машраб дар мавзӯи нафароне, ки ба нафақа баромадаанду ба деҳқонӣ машғуланд, сухан кард. Вай гуфт, ки мо бо вуҷуди дар нафақа буданамон боз ба касби деҳқонӣ даст задаем, аммо пардохти маблағ барои ҳифзи иҷтимоӣ бароямон мушкилот ба бор меорад. Як миқдор замине, ки дорем, бо даромади ба даст овардаамон хароҷотамонро намепӯшонад. Аз шумо ҳамчун вакил хоҳиш менамоем, ки масъалаи мазкурро аз дигар дар Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор диҳед.                    Соҳибкор Мирзошоҳи Акобир атрофи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ сухан карда, гуфт, ки истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф қобили қабул аст, аммо баъди пешниҳод гардидани ин фикри барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ судманд, кор ранги дигар гирифт. Яъне якбора нархи фурӯзонакҳо дар фурӯшгоҳҳо ва бозор боло рафт. Тоҷирон мехоҳанд аз вазъи мусоид ба манфиати хеш истифода баранд. Дар баробари ин сифати фурӯзонакҳо хуб нест. Зуд аз кор мебароянд. Хуб мебуд, ки масъулини Тоҷикстандарт ва гумрук сари ин масъала чораҳои зарурӣ андешанд. Ба мардум молеро пешниҳод кунанд, ки фоидааш бештар бошад.

Май 12, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад