АЗ СПИД ЭҲТИЁТ БОШЕД
Мӯъминобод, 27 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мӯъминобод дар ҳамбастагӣ бо хадамоти тандурустии Оғохон дар майдони марказии ноҳия, фестивал бо номи «СПИД» хатари паноҳшуда» дар доираи барномаи рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2006-2010 доир гардид. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Абдулло Раҷабов ва гуфт, ки мақсад аз баргузории ин фестивал пешгирӣ намудани бемории сироятии ВНМО/ ДНММ дар ҷомеа мебошад. Сипас аҳли ҷамъомадагон дар бораи ин беморӣ маълумоти муфассал гирифта, саволу ҷавоб намуданд. Зикр гардид, ки дар ноҳия ин бемории сироятӣ гарчанд кам ба қайд гирифта шуда бошад, ҳам лекин баҳри пешгирии он бошандагон бояд ҳамеша зери назорати муоинаи тиббӣ бошанд. Дар охир ғолибони фестивал бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи хадамоти тандурустии Оғохон қадр гардиданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






