БЕҲТАРИН МАКТАБИ РАССОМӢ 30-СОЛА МЕШАВАД
Душанбе, 6 май. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 8-уми май Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Ваҳдат ҷашни 30-солагии худро қайд менамоянд. Мактаби номбурда яке аз беҳтарин дар байни 84 мактаби ибтидоии санъати ҷумҳурӣ буда, таълими муттасили 3-зинагии ҳунарҳои бадеиро таъмин менамояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, айни ҳол дар ин мактаб панҷ нафар муаллимони чирадаст ба 74 хонанда нозукиҳои ҳунари наққоширо меомўзонанд.Ёдовар мешавем, ки мактаб соли 1979 таъсис ёфта, мақсад аз он ҷалб ва тарбия намудани кўдакону наврасони лаёқатманд ба ин санъати нафис мебошад. Аммо бояд гуфт, ки мактаб то имрўз бинои алоҳидаи таълимӣ надорал ва Ҳукумати шаҳри Ваҳдатро месазад барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






