БОЗ ЯК ҒАМХОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ЗАРАРДИДАГОН

Май 26, 2009 12:40

                        Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 596 нафар зарардидагон аз хаймаҳо ба хонаҳои нав кӯчонида мешаванд, дар ин бора Сарвари давлат дар машварати корӣ, ки 18 -уми май доир гардид, ба ҳамаи роҳбарони вазорату идораҳо ва шахсони масъул дастур дод, ки то рӯзи Конститутсия -6- уми ноябр, ба ҳамаи оилаҳои аз боришоти борони зиёд ва омадани селу лойқа бехона монда, дар ҷойҳои бехавф манзилҳои нави истиқоматӣ сохта дода шавад.                        Ин хабар пеш аз ҳама сокинони деҳаи 18-ум Партсъездро рӯхбаланд намуд,-мегӯяд сокини ин маҳаллаи офатзада Маҳмадёқуб Ёрбеков.                         Дар деҳаи 18-ум Партсъезди болою поении ноҳияи Хуросон 114 оила аз дороии худ маҳрум гашт ва бо дасти холӣ сохтани сарпаноҳ кори саҳл нест.                           Гарчӣ Президент дар рӯзи ҳодиса дар ноҳияи Хуросон набуд, аммо ӯ ҳамеша дар ғаму шодии ҳамватононаш шарик аст,-гуфт акаи Раҳмон, ки мошину 100 сар гову мол ва дороияшро аз даст додаст.

Май 26, 2009 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид