БОЗ ЯК ДОКТОРИ ИЛМ

Май 7, 2009 18:36

                       Душанбе, 7 май (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар Шӯрои дифои рисолаҳои доктории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи Славянии  Тоҷикистону Россия Давронов Абдувалӣ Усмонович дар мавзӯи «Пайвандҳои адабии тоҷику арман дар давраи нав» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.                      Рисола аз тарафи муқарризони расмӣ доктори илми филология, профессор Қурбон Восеъ, доктори илми филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Замира Ғафорова, доктори илми филология Шораҳмон Раҳмонов ва муқарризони ғайрирасмӣ профессорон М. Бобохонов , О.Хуҷамуродов, дотсентон М.Қаҳҳоров ва М.Зайниддинов баҳои баланд гирифт. Раиси Шӯрои дифоъ, аъзо корреспонденти Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори фанҳои филологӣ, профессор Мукаррама Қосимова, мушовири илмӣ, профессор Худоӣ Шарифов Абдувалӣ Давроновро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи докторӣ табрик намуданд.  

Май 7, 2009 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад